Базми солинавии шаҳрдории пойтахт барои пешсафони таҳсил



Бо дастури раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзҳои 29-30 декабр дар бинои Сирки давлатӣ барои толибилмони аълохон ва пешсафи мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳр базми анъанавии арчаи солинавӣ доир мегардад.

Аз мақомоти шаҳрдории пойтахт як манбаъ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба ин чорабиниҳо беш аз 6 ҳазору нафар хонандагон аз ҳамаи 140 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр даъват шудаанд.

Бо дастури раиси шаҳр, дар майдони назди Сирки давлатӣ ва толори дохили Сирк арчаҳои солинавӣ гузошта шуда, бо ҳар гуна асбобу лавозимоти ороишӣ зебу зинат дода мешаванд. Ба ҳамаи иштирокчиёни чорабиниҳо аз номи сарпарастон туҳфаҳо тақдим хоҳанд шуд.

Ғайр аз ин, мақомоти шаҳрдории пойтахт аз ҳисоби сарпарастон дар ҳамаи мактаб-интернатҳои шаҳр чорабиниҳои идонаи солинавӣ барпо мекунад.

spot_imgspot_img

Популярное