Базми солинавии шаҳрдории пойтахт барои пешсафони таҳсил

Бо дастури раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзҳои 29-30 декабр дар бинои Сирки давлатӣ барои толибилмони аълохон ва пешсафи мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳр базми анъанавии арчаи солинавӣ доир мегардад. Аз мақомоти шаҳрдории пойтахт як манбаъ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба ин чорабиниҳо беш аз 6 ҳазору нафар хонандагон аз ҳамаи 140 […]



Бо дастури раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзҳои 29-30 декабр дар бинои Сирки давлатӣ барои толибилмони аълохон ва пешсафи мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳр базми анъанавии арчаи солинавӣ доир мегардад.

Аз мақомоти шаҳрдории пойтахт як манбаъ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба ин чорабиниҳо беш аз 6 ҳазору нафар хонандагон аз ҳамаи 140 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр даъват шудаанд.

Бо дастури раиси шаҳр, дар майдони назди Сирки давлатӣ ва толори дохили Сирк арчаҳои солинавӣ гузошта шуда, бо ҳар гуна асбобу лавозимоти ороишӣ зебу зинат дода мешаванд. Ба ҳамаи иштирокчиёни чорабиниҳо аз номи сарпарастон туҳфаҳо тақдим хоҳанд шуд.

Ғайр аз ин, мақомоти шаҳрдории пойтахт аз ҳисоби сарпарастон дар ҳамаи мактаб-интернатҳои шаҳр чорабиниҳои идонаи солинавӣ барпо мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.