Муфтӣ сабаби дастфишорӣ бо Кабирӣ дар Эронро шарҳ дод

Date:



Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода чунин мешуморад, ки дар ҳолати аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон тарк накардани конфронси «Ваҳдати исломӣ» дар Теҳрон, ки дар он пешвои Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ низ ҳузур дошт, сафири Тоҷикистон дар Эрон гунаҳкор аст.

Муфтии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти хабарӣ ба саволи журанлистон: «Чаро баъди дидани Кабирӣ ӯ толорро тарк накард ва раиси ҲНИТ зимни вохӯрӣ ба ӯ чӣ гуфт?», изҳор дошт, ки сафорати Тоҷикистон пешакӣ ҷониби Эронро огоҳ карда буд, ки аъзои Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ ба конфронс даъват нашаванд.

«Мо намедонистем, ки аъзои ҲНИТ дар ин конфронс ҳузур хоҳанд дошт. Аммо вақте мо аллакай нишастем, баъди панҷ дақиқа Кабирӣ ба толор ворид шуд. Дарвоқеъ вақте ӯ ворид шуд, ман толорро тарк карданӣ будам ва ба ҳайати мо ва сафири Тоҷикистон дар Эрон ишора кардам, вале ӯ ҳеҷ посухе надод. Ҳангоми дар хориҷи кишвар қарор доштан мо бояд ҳамаи амалҳоямонро бо сафирамон мувофиқа кунем. Аз ин рӯ, ба ман лозим омад, ки дар конфронс монам», – гуфт ӯ.

Дар шарҳи дастфишорӣ бо Кабирӣ Абдулқодирзода чунин гуфт: «Маро лозим омад, ки дасти ӯро фишорам, зеро он ҷо садҳо камераҳо ва гирду атроф намояндагони чандин кишварҳо ҳузур доштанд ва ман маҷбур будам, ки ин корро кунам. Кабирӣ оид ба баъзе масъалаҳо назари интиқодӣ баён дошт, вале ман ба ӯ гуфтам, ки ин ҷо ҷойи баҳс нест».

Раиси Шӯрои уламо ҳамчунин зикр кард, ки Эрон кишвари дӯсту бародари Тоҷикистон аст ва «минбаъд мо ба рушди муносибатҳо бо ин кишвар манфиатдорем».

«Дар муносибатҳои байнидавлатӣ мо ҳеҷ ихтилофе надоерм. Вале рафтори ахир аз ҷониби Эронро маҳкум кардем. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ ба онҳо дар ин хусус

 ёддошт

фиристод. Мо ҳеҷ хусумате надорем ва бо Эрон самимона дӯстӣ мекунем», – қайд кард муфтӣ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...