Ҳукумати Тоҷикистон фаъолияти консулгариҳояш дар ду вилояти минтақаи шимоли Афғонистонро мутаваққиф намуд. Дар ин бора Интерфакс бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон хабар медиҳад.
Бино ба маълумоти хабаргузорӣ, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар номаи расмӣ ВКХ Афғонистонро дар бораи муваққатан баста шудани консулгариҳо дар шаҳрҳои Файзобод (маркази маъмурии вилояти Бадахшон) ва Қундуз (маркази маъмурии вилояти ҳамном) дар шимоли Афғонистон огаҳ кардааст.
Дар маълумот қайд мешавад, ки фаъолияти консулгариҳои Тоҷикистон дар ин шаҳрҳо бинобар сабаби мушкилоти таъмини амният боздошта мешавад.
Қаблан чанде аз ВАО-и Афғонистон иттилоъ дода буданд, ки Тоҷикистон фаъолияти консулгарияшро дар шаҳри Мазори Шариф, маркази маъмурии вилояти Балх низ боздоштанӣ будааст, вале бо дархости волии ин вилоят Ато Муҳаммад Нур, ки ба таъмини амнияти кормандони намояндагии дипломатии Тоҷикистонро дар ин вилоят итминон додааст, аз ин тасмим даст кашидааст.
Дар Душанбе ин маълумот то ҳол шарҳ дода нашудааст.


