Ҳукумат тамоми алоқа ва интернетро танзим мекунад

Date:



Ҳукумати Тоҷикистон қарор «Дар бораи Маркази ягонаи коммуникатсионии алоқаи барқӣ»-ро ба тасвиб расонид.

Дар матни қарор, ки дар нашрияи ҳукумат

«Ҷумҳурият»

интишор шудааст, гуфта мешавад, маркази мазкур «бо мақсади таъмини назорат ва танзими трафикҳои воридотию содиротии хизматрасониҳои байналмилалии алоқаи барқӣ ва интернет ташкил карда мешавад».

«Гузариши трафикҳои воридотию содиротии хизматрасониҳои байналмилалии алоқаи барқӣ ва интернет тавассути Маркази ягонаи коммуникатсионии алоқаи барқии оператори давлатии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком»-и Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад», – омадааст дар қарор.

Ҳамчунин  таъмини иҷрои қарори мазкур марҳида ба марҳила дар соли 2016 ба дӯши Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон вогузор карда мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки иҷрои қарори мазкур барои ҳамаи субъектҳои хоҷагидории дар соҳаи алоқаи барқӣ фаъолияткунандаи Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...