Ҳукумат тамоми алоқа ва интернетро танзим мекунад

Ҳукумати Тоҷикистон қарор «Дар бораи Маркази ягонаи коммуникатсионии алоқаи барқӣ»-ро ба тасвиб расонид. Дар матни қарор, ки дар нашрияи ҳукумат «Ҷумҳурият» интишор шудааст, гуфта мешавад, маркази мазкур «бо мақсади таъмини назорат ва танзими трафикҳои воридотию содиротии хизматрасониҳои байналмилалии алоқаи барқӣ ва интернет ташкил карда мешавад». «Гузариши трафикҳои воридотию содиротии хизматрасониҳои байналмилалии алоқаи барқӣ ва интернет […]

ASIA-Plus



Ҳукумати Тоҷикистон қарор «Дар бораи Маркази ягонаи коммуникатсионии алоқаи барқӣ»-ро ба тасвиб расонид.

Дар матни қарор, ки дар нашрияи ҳукумат

«Ҷумҳурият»

интишор шудааст, гуфта мешавад, маркази мазкур «бо мақсади таъмини назорат ва танзими трафикҳои воридотию содиротии хизматрасониҳои байналмилалии алоқаи барқӣ ва интернет ташкил карда мешавад».

«Гузариши трафикҳои воридотию содиротии хизматрасониҳои байналмилалии алоқаи барқӣ ва интернет тавассути Маркази ягонаи коммуникатсионии алоқаи барқии оператори давлатии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком»-и Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад», – омадааст дар қарор.

Ҳамчунин  таъмини иҷрои қарори мазкур марҳида ба марҳила дар соли 2016 ба дӯши Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон вогузор карда мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки иҷрои қарори мазкур барои ҳамаи субъектҳои хоҷагидории дар соҳаи алоқаи барқӣ фаъолияткунандаи Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.