Вохӯрии раиси Маҷлиси миллӣ бо сафири Хитой

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 15 январи соли 2016 сафири Фавқулодда ва Мухтори навтаъини Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Юе Бинро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт. Тавре аз дастгоҳи Маҷлиси миллӣ хабар доданд, Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаноби Юе Бинро ба муносибати сафир таъин шуданаш шодбош гуфта, изҳори боварӣ […]

ASIA-Plus



Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 15 январи соли 2016 сафири Фавқулодда ва Мухтори навтаъини Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Юе Бинро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз дастгоҳи Маҷлиси миллӣ хабар доданд, Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаноби Юе Бинро ба муносибати сафир таъин шуданаш шодбош гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки ӯ бо фаъолияти пурсамар дар рушду такомули муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд миёни халқу кишварҳоямон нақши сазовор хоҳад гузошт.

Дар ҷараёни мулоқот Раиси Маҷлиси миллӣ таъкид намуд, ки таҳкими муносибатҳои гуногунҷабҳа, пеш аз ҳама тақвияти робитаҳои байнипарламентии кишварҳо, тақозои замон аст.

Зикр гардид, ки дар доираи амалисозии сиёсати пайгиронаи созандаи Сарварони кишварҳо дар самтҳои мухталиф, расонидани кумакҳои техникӣ ба кишвари мо, интиқолу азхудкунии сармоягузориҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой, бахусус дар сохтмони роҳҳою тунелҳо, нақлиёту коммуникатсия ва гидроэнергетика, гувоҳи равшани муносибатҳои ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд мебошанд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки кишварҳои мо дар таъмини сулҳу суботи минтақа, мубориза алайҳи даъватҳои номатлуби замони муосир омодаанд ҳамкории судманд дошта бошанд.

Дар навбати худ ҷаноби Юе Бин аз пазироӣ ва муҳтавои суҳбат изҳори сипосмандӣ намуда, аз номи Раиси Кумитаи Доимии Маҷлиси Умумихитоии Намояндагони Халқи Ҷумҳурии Халқии Хитой Чжан Дэцзян  паёми шодбошӣ расонид ва зикр сохт, ки кишвараш барои тақвият бахшидани муносибатҳои мутақобилан судманд бо мамлакати дӯсту ҳамсоя манфиатдор аст ва дар ин раванд ӯ ҳамчун сафир саҳми арзандаи хешро хоҳад гузошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.