Иҷозатномаи кор барои беш аз 10,2 ҳазор хориҷиён дар Тоҷикистон

Мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон соли 2015 ба беш аз 10,2 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатнома барои корро додааст. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, нафароне, ки иҷозатномаи кор дар қаламрави Тоҷикистонро дастрас кардаанд, асосан шаҳрвандони Чин, Эрон, Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Италия, Қирғизистон ва Русия мебошанд. Нисбат ба соли 2014 […]

ASIA-Plus



Мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон соли 2015 ба беш аз 10,2 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатнома барои корро додааст.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, нафароне, ки иҷозатномаи кор дар қаламрави Тоҷикистонро дастрас кардаанд, асосан шаҳрвандони Чин, Эрон, Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Италия, Қирғизистон ва Русия мебошанд.

Нисбат ба соли 2014 шумори хориҷиёни барои иҷозатномаи корро гирифтан муроҷиаткарда дар соли 2015 қариб ба миқдори 3,5 ҳазор нафар афзудааст.

Гуфта мешавад, соли гузашта дар қаламрави пойтахт ва навоҳии тобеи марказ бо мақсади ошкор намудани ҳолатҳои муҳоҷират, фаъолияти корӣ ва иқомати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ, дар 113 ширкат санҷишҳо гузаронида шудаанд.

Дар ҷараёни санҷишҳо муайян карда шудааст, ки дар ин ширкатҳо беш аз 4,1 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ кор мекунанд, ки зиёда аз 1,8 ҳазор нафарашон иҷозатнома барои корро надоштаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.