Ошкор шудани 89 зани сатрпӯши машғул ба фоҳишагарӣ дар вилояти Хатлон

Дар вилояти Хатлон 162 мағозаи махсуси фурӯши сарулибоси динӣ барои занон баста шуданд. Баҳром Шарифзода, сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намуд, ки ин мағозаҳо ба фурӯши сарулибоси занонае машғул буданд, ки «ба расму оинҳои миллии мо мувофиқат намекард» ва соли гузашта фаъолияти онҳо қатъ карда шуд. Ӯ […]

Сайраҳмон Назриев



Дар вилояти Хатлон 162 мағозаи махсуси фурӯши сарулибоси динӣ барои занон баста шуданд.

Баҳром Шарифзода, сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намуд, ки ин мағозаҳо ба фурӯши сарулибоси занонае машғул буданд, ки «ба расму оинҳои миллии мо мувофиқат намекард» ва соли гузашта фаъолияти онҳо қатъ карда шуд.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки зимни баргузор намудани корҳои таблиғотӣ миёни занон дар ҳамдастӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 6 ҳазору 673 нафар занону духтарон аз пӯшидани сатр ва дигар сарулибоси бегона барои тоҷикон даст кашиданд.

«Соли 2015 мо 89 нафар занони сатрпӯшро ошкор кардем, ки ба фоҳишагарӣ машғул буданд», – гуфт сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон.

Номбурда ба журналистон ҳамзамон иттилоъ дод, ки раҳбарияти Раёсати ВКД-и вилоят ва воҳидҳои он ҳамроҳ бо ҳукуматҳои маҳаллии шахру навоҳӣ ба хотири ҳифзу нигаҳдошти расму оинҳои миллӣ дар масъалаи ба бар кардани сарулибоси занона чорабиниҳои гуногун мегузаронанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат