Боздошти 104 нафар қонуншиканон дар марз



Марзбонони Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз 1 то 26 январ дар хатти сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон 41 килову 250 грамм маводи мухаддирро мусодира намуданд.

Котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин давра дар марзҳои Тоҷикистон аз қочоқбарон як адад аслиҳаи оташфишон ва 17 адад муҳимоти ҷангӣ мусодира шуда, барои риоя накардани тартиботи сарҳади давлатӣ 104 нафар қонуншиканон боздошт шудаанд.

Зимнан зикр гардид, ки дар сарҳади Тоҷикистон дар ин давра марзбонон 32 тонна бору маҳсулоти қочоқӣ, аз ҷумла орду хушкмева ва пиёзро боздошт кардаанд.

spot_imgspot_img

Популярное