Сарфи назар аз поинравии қурби арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ нисбати доллари ИМА ва идомаи буҳрон дар кишварҳои шарики асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ, нархҳо ба маҳсулоти ғизойӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе нисбатан устувор боқӣ мемонанд.
Сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти шаҳрдории пойтахт Сайфулло Амонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мувофиқи таҳлили анҷомдода ахири ҳафтаи гузашта аз ҷониби Сарраёсати омори шаҳрдорӣ, аз 31 номгӯи маҳсулоти ғизойӣ дар муқоиса бо аввали моҳи январ нархҳо то 34% дар 12 номгӯй, асосан маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ поин рафта, дар 19 номгӯи маводи ғизойии аз хориҷи кишвар воридшуда нархҳо то 48% боло рафтаанд.
«Масалан, дар робита ба коҳиши бесобиқаи арзи миллии Қазоқистон – танга нисбати доллари ИМА, ки воридкунандаи асосии орд ва зироати ғалладона ба Тоҷикистон мебошад, нархҳо ба ин маҳсулот афзуданд. Нархи чой бо сабаби аз оғози сол болоравии тарифҳои гумрукӣ барои воридоти он боло рафтанд», – иброз дошт ӯ.
Ба қавли номбурда, бо мақсади пешгирии болоравии нархҳо ба маҳсулоти ғизойии мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла орду шакар, равған ва ғайра, ки ба кишвар бо асъори хориҷӣ ворид мешаванд, мақомоти шаҳрдорӣ ният дорад, ки ба бозорҳои коммуналии пойтахт ба муҳлати аз 6 то 9 моҳ қарзҳои бефоиз диҳад.
Зимнан зикр гардид, ки бо дастури мақомоти шаҳрдорӣ директорони ҳамаи бозорҳои коммуналии шаҳр шомгоҳон дар роҳҳои вуруд ба шаҳр маҳсулоти ғизойии аз минтақаҳо воридмешударо пешвоз гирифта, бидуни миёнаравон онро мехаранд ва ба бозорҳо бо нархи дастрас ба фурӯш мебароранд.





