Шаҳрдории пойтахт масоили нархгузорӣ дар бозорҳоро зери назорат гирифтанист

Сарфи назар аз поинравии қурби арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ нисбати доллари ИМА ва идомаи буҳрон дар кишварҳои шарики асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ, нархҳо ба маҳсулоти ғизойӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе нисбатан устувор боқӣ мемонанд. Сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти шаҳрдории пойтахт Сайфулло Амонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мувофиқи таҳлили […]



Сарфи назар аз поинравии қурби арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ нисбати доллари ИМА ва идомаи буҳрон дар кишварҳои шарики асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ, нархҳо ба маҳсулоти ғизойӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе нисбатан устувор боқӣ мемонанд.

Сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти шаҳрдории пойтахт Сайфулло Амонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мувофиқи таҳлили анҷомдода ахири ҳафтаи гузашта аз ҷониби Сарраёсати омори шаҳрдорӣ, аз 31 номгӯи маҳсулоти ғизойӣ дар муқоиса бо аввали моҳи январ нархҳо то 34% дар 12 номгӯй, асосан маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ поин рафта, дар 19 номгӯи маводи ғизойии аз хориҷи кишвар воридшуда нархҳо то 48% боло рафтаанд.

«Масалан, дар робита ба коҳиши бесобиқаи арзи миллии Қазоқистон – танга нисбати доллари ИМА, ки воридкунандаи асосии орд ва зироати ғалладона ба Тоҷикистон мебошад, нархҳо ба ин маҳсулот афзуданд. Нархи чой бо сабаби аз оғози сол болоравии тарифҳои гумрукӣ барои воридоти он боло рафтанд», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли номбурда, бо мақсади пешгирии болоравии нархҳо ба маҳсулоти ғизойии мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла орду шакар, равған ва ғайра, ки ба кишвар бо асъори хориҷӣ ворид мешаванд, мақомоти шаҳрдорӣ ният дорад, ки ба бозорҳои коммуналии пойтахт ба муҳлати аз 6 то 9 моҳ қарзҳои бефоиз диҳад.

Зимнан зикр гардид, ки бо дастури мақомоти шаҳрдорӣ директорони ҳамаи бозорҳои коммуналии шаҳр шомгоҳон дар роҳҳои вуруд ба шаҳр маҳсулоти ғизойии аз минтақаҳо воридмешударо пешвоз гирифта, бидуни миёнаравон онро мехаранд ва ба бозорҳо бо нархи дастрас ба фурӯш мебароранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.