Афсари руси гумонбар ба қатли зани тоҷик солим дониста шуд

Афсари пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон иван Шербаков, ки аз ҷониби мақомоти интизомии Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар қатли як зан, сокини 22-солаи Душанбе боздошт шуда буд, рӯҳан солим дониста шуд. Иван Шербаков дар шаҳри Екатеринбурги Русия аз ташхиси судии рӯҳӣ гузашта , ояндаи наздик ба Душанбе оварда мешавад. Дар назар аст, ки […]



Афсари пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон иван Шербаков, ки аз ҷониби мақомоти интизомии Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар қатли як зан, сокини 22-солаи Душанбе боздошт шуда буд, рӯҳан солим дониста шуд.

Иван Шербаков дар шаҳри Екатеринбурги Русия

аз ташхиси судии рӯҳӣ гузашта

, ояндаи наздик ба Душанбе оварда мешавад. Дар назар аст, ки мурофиаи додгоҳии ин парванда ба таври кушода баргузор мешавад.

Ба тафтиши ин ҳодиса гурӯҳи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Русия ҳамроҳ бо раҳбарияти пойгоҳи низомии 201-ум машғуланд.

Шербаков ба қатли сокини шаҳри Душанбе Шоира Ҷобироваи 22-сола, ки 5 ноябри соли гузашта рух дода буд, айбдор карда мешавад. Он замон 

иттилоъ дода шуд,

 ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Русия дар ҳамдастӣ бо раҳбарияти пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар фурсати кӯтоҳтарин сабабҳои куштори зани маҳаллӣ аз ҷониби афсари пойгоҳи низомӣ Иван Шербаковро ошкор намуданд.

Ҳамчунин зикр гардида буд, ки хизматчии ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон Иван Шербаков, ки 

ба қатли як зани тоҷик

 Шоира Ҷобироваи 22-сола гумонбар дониста мешавад, 

ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и

 №1-и шаҳри Душанбе интиқол гардида, то ахири тафтишт – 6 январи соли 2016 дар он ҷо қарор хоҳад дошт. 

Дар ин бора қаблан 


Радиои Озодӣ


 бо истинод ба манбаъҳои наздики худ ба тафтишот иттилоъ дода буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.