Машқҳои низомии бузургмиқёси Тоҷикистону Русия дар Хатлон

Аввали моҳи март дар қаламрави гарнизони Хатлон машқҳои бузургмиқёси фаврӣ ва тактикии намояндагони сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, сарбозону афсарони эҳтиётии артиши миллӣ ва кормандони мақомоти давлатии кишвар доир мегардад, ки аз ҷониби Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон созмон дода мешавад. Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар […]



Аввали моҳи март дар қаламрави гарнизони Хатлон машқҳои бузургмиқёси фаврӣ ва тактикии намояндагони сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, сарбозону афсарони эҳтиётии артиши миллӣ ва кормандони мақомоти давлатии кишвар доир мегардад, ки аз ҷониби Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон созмон дода мешавад.

Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин тамринҳо, ки ҷалби ҳудуди 50 ҳазор нафар афсарону сарбозон бо шумули ҳарбиёни эҳтиётӣ дар назар аст, ҳамчунин хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон низ иштирок мекунанд. «Шумори иштирокчиёни машқҳо аз ҷониби пойгҳи низомии Русия мавриди мувофиқа қарор дорад», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Ф.Маҳмадалиев, дар тамринҳо сафарбарии авиатсия, техникаи зиреҳпӯш, аслиҳаи сабуки оташфишон ва артиллерия ба нақша гиифта шудааст.

Дар тамринҳо тарзу усулҳои ташкили мудофиаи қаламрав, сафарбарии ҳарбиёни эҳтиётӣ ба мудофиаи миллӣ ва ҳамчунин машқҳои фармондеҳӣ-тактикӣ ва фаврии зиддитеррористӣ мавриди омӯзиш ва дар амал иҷро карда мешаванд.

Хабаргузории

TojNews

дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки ҳарбиҳои Тоҷикистону Русия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тамриноти муштарак барои нобудсозии ҷангҷӯён баргузор мекунанд.

Гуфта мешавад, генерал-полковник Владимир Заруднитский, фармондеҳи нерӯҳои Округи ҳарбии марказии Русия эълон доштааст, ки дар ин тамринот ҳудуди 1 ҳазору 500 нафар аз ҳарбиён ва 500 техникаи ҳарбӣ ширкат хоҳад кард. Баргузории тамрини ҳарбии муштарак дар моҳи март ба назар гирифта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.