Таваҷчуҳи ширкатҳои зиёд ба сохтмони қисмати тоҷикистонии лӯлаи гази Туркманистон – Чин

Беш аз 40 ширкат ба сохтмони қисмати тоҷикистонии лӯлаи интиқоли гази Туркманистон – Чин таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки соли гузашта тамоми корҳои тадорукотӣ дар доираи ин лоиҳа ба итмом расида, оид ба интихоби паймонкорони фаръии лоиҳа тендер эълон шудааст. Ба иттилои […]



Беш аз 40 ширкат ба сохтмони қисмати тоҷикистонии лӯлаи интиқоли гази Туркманистон – Чин таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки соли гузашта тамоми корҳои тадорукотӣ дар доираи ин лоиҳа ба итмом расида, оид ба интихоби паймонкорони фаръии лоиҳа тендер эълон шудааст.

Ба иттилои манбаъ, аз ширкатҳои Чину Русия ва Тоҷикистон дархостҳо ворид шудаанд. «Албатта, баъзе мушшкилот ҷой дошт, ки саривақт ҳаллу фасл шуд», – гуфт манбаъ, вале аз ифшои ин мушкилот худдорӣ варзид.

Дар Вазорат таъкид доштанд, ки ҳамчунин соли гузашта буҷети лоиҳа барои соли 2016 тасдиқ карда шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки пас аз интихоби паймонкорони фаръӣ, ки ба корҳои гузоштани лӯла, сохтмони қисмати ҳудудии лӯлаи газ, бунёди биноҳои зарурӣ, аз ҷумла бинои дастгоҳҳои компрессорӣ машғул мешаванд, бевосита оғози корҳои амалисозии лоиҳа дар назар аст.

Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба сохтмони лӯлаи интиқоли газ аз Туркманистон ба Чин тариқи қаламрави Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2013 ба имзо расида буд. Моҳи марти соли 2014 миёни China National Petroleum Corporation (CNPC) ва ҶСК «Тоҷиктрансгаз» дар бораи таъсиси корхонаи муштараки сохтмон ва истифодаи лӯлаи гази Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd. созишнома ба имзо расид. Моҳи сентябри соли гузашта маросими оғози қисмати тоҷикистонии лоиҳа баргузор шуд.

Шоҳроҳи лӯлаи газ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омада, аз ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав тариқи ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Ҷиргатол то марзи Ӯзбекистон мерасад.

Масофаи ин лӯлаи газ дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз 400 километрро ташкил дода, лӯлаи интиқоли газ то ахири соли оянда ба истифода дода мешавад.

Сохтмони лӯлаи интиқоли газ аз кони нафту гази «Галкиниш» дар Турманистон оғоз гардида, тариқи ин лӯла ҳамасола аз Туркманистон ба Чин 25-30 млрд. метри мукааб гази табиӣ интиқол дода мешавад. Амалисозии ин лоиҳа ба ҷалби беш аз 3 млрд. доллари ИМА сармоягузории мустақими Чин ба иқтисоди Тоҷикистон имкон фароҳам меоварад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.