Вазири фарҳанг: Тағйирот ба қонуни матбуот озодии баёнро маҳдуд намекунанд



Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода имрӯз зимни вохӯрӣ бо рӯзноманигорон изҳор дошт, ки тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун дар бораи матбуот озодии баён дар кишварро маҳдуд намесозанд.

«Бо тамоми масъулият изҳор медорам, ки тағйирот ба муқобили ВАО-и ғайридавлатӣ равона нашуда, ба ҳеҷ ваҷҳ озодии баён дар Тоҷикистонро маҳдуд намекунанд», – гуфт ӯ.

Вазир таъкид дошт, ки бо пешниҳоди раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров тағйирот каме сабуктар шудааст.

«Қаблан дар лоиҳаи тағйирот зикр гардида буд, ки бо пешниҳоди мақомоти прокуратура Вазорати фарҳанг метавонад ба муддати се моҳ фаъолияти ВАО-и ҷудогонаро боздорад, вале баъди баррасии имрӯза қарор шуд, ки ин ҳуқуқ ба судҳо дода мешавад, ки қаблан низ дар бораи боздоштани фаъолияти ҳама гуна навъи ВАО қарор қабул карда метаввонистанд», – иброз дошт вазир.

Ҳамчунин қайд шуд, ки ВАО-и хориҷии дар Тоҷикистон сабтшуда низ уҳдадоранд, ки меъёрҳои қонуни Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»-ро риоя кунанд.

Орумбекзода таъкид кард, ки барои таҳқири шахсияти шаҳрвандон, таблиғи миллатгароӣ, ифротгароӣ, терроризм ва ҳамчунин даъватҳо ба тариқи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон, мақомоти прокуратура ба судҳо муваққатан қатъи фаъолияти ВАО-и ҷудогона дар кишварро пешниҳод карда метавонанд.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз зимни баррасии лоиҳаи тағйирот ба қонуни матбуот вакилони палатаи поёнии парлумон онро тасдиқ накарда,

ба таҳияву коркарди дубора фиристоданд.

Комиссияи махсуси корӣ таъсис дода шуд, ки баъзе аз истилоҳот дар ин лоиҳаи қонунро мувофиқа месозад ва ҳафтаи оянда ба баррасии палатаи поёнии парлумон пешниҳод мекунад.

spot_imgspot_img

Популярное