Маблағҳои бо рубл интиқолёфта бо сомонӣ дода мешаванд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ дастур додааст, ки шурӯъ аз 2 феврал маблағҳои пулии бо рубли русӣ ба Тоҷикистон воридшударо бо арзи миллӣ – сомонӣ диҳанд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз БМТ дар ин робита хабар доданд, дастури дахлдор, ки аллакай мавриди амал қарор гирифтааст, ба ҳамаи ташкилотҳои расонида шудааст. Ба иттилои манбаъ, […]



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ дастур додааст, ки шурӯъ аз 2 феврал маблағҳои пулии бо рубли русӣ ба Тоҷикистон воридшударо бо арзи миллӣ – сомонӣ диҳанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз БМТ дар ин робита хабар доданд, дастури дахлдор, ки аллакай мавриди амал қарор гирифтааст, ба ҳамаи ташкилотҳои расонида шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ин дастур танҳо нисбати маблағҳои бо рубли русӣ интиқолшуда истифода шуда, ба дигар асъорҳои хориҷӣ дахл надорад. «Дар дастур додани маблағҳои пулии бо рубл интиқолшудаи шахсони воқеъӣ пешбинӣ шудааст, ки бидуни боз кардани суратҳисоби бонкӣ амалӣ мешаванд», – шарҳ доданд дар БМТ.

Зимнан зикр гардид, ки дастури мазкур ба хотири дастгирии арзи миллӣ, таҳкими қурби он ва танзими бозори асъор қабул шудааст.

Ҳамчунин қайд шуд, ки ин санад дар доираи амалисозии дастуру супоришҳои сарвари давлат, ки дар

машварати кории ҳукумат

рӯзи 22 январ садо доданд, роҳандозӣ мешавад.

Қобили зикр аст, ки мутобиқи қурби расмии БМТ, айни замон арзиши 1 рубли русӣ ба 0.1028 сомонӣ баробар аст.

Чанд рӯз қабл раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба журналистон иттилоъ дод, ки дар муқоиса бо соли 2014 соли гузашта ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии шахсони воқеъӣ аз Русия ба Тоҷикистон бо рубли русӣ 3% афзудааст.

Ба гуфтаи ӯ, нисбат ба соли 2014 соли 2015 ба Тоҷикистон аз Русия 4 млрд. рубл бештар маблағ ворид шудааст, аммо дар робита ба поинравии қурби рубли русӣ нисбати доллари ИМА, нисбат ба соли 2014 соли 2015 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ дар ифодаи доллар 33,3% кам шудаааст.

Нурмаҳмадзода таъкид дошт, ки 95%-и интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон аз Русия сурат гирифтаанд. Ӯ аз ифшои маълумот дар бораи ҳаҷми умумии маблағҳои пулии интиқолшуда ба ҷумҳурӣ дар соли гузашта худдорӣ намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.