Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов, ки рӯзи 2 феврал ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, имрӯз дурнамои рушди ҳамкориҳо миёни Қувваҳои Мусааллаҳи ҳарду кишварро баррасӣ карданд.
Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ба масоили таҷдиди артиши миллии Тоҷикистон бо кумаки Русия таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
«Дар мулоқот ҳамчунин атрофи масъалахои ҳамкории ҷонибҳо дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва таҳдиду чолишҳои нави замони муосир табодули назари судаманд сурат гирифт», – гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки муовини вазири мудофиаи Русия имрӯз аз пойгоҳи низомии 201-уми кишвараш дар Тоҷикистон боздид намуда, шоми имрӯз ба Маскав бармегардад.



