Душанбе ва Маскав масоили таҷдиди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро баррасӣ карданд

Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов, ки рӯзи 2 феврал ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, имрӯз дурнамои рушди ҳамкориҳо миёни Қувваҳои Мусааллаҳи ҳарду кишварро баррасӣ карданд. Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ба масоили таҷдиди артиши миллии […]



Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов, ки рӯзи 2 феврал ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, имрӯз дурнамои рушди ҳамкориҳо миёни Қувваҳои Мусааллаҳи ҳарду кишварро баррасӣ карданд.

Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ба масоили таҷдиди артиши миллии Тоҷикистон бо кумаки Русия таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

«Дар мулоқот ҳамчунин атрофи масъалахои ҳамкории ҷонибҳо дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва таҳдиду чолишҳои нави замони муосир табодули назари судаманд сурат гирифт», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки муовини вазири мудофиаи Русия имрӯз аз пойгоҳи низомии 201-уми кишвараш дар Тоҷикистон боздид намуда, шоми имрӯз ба Маскав бармегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.