Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон изҳор доштааст, ки дар Сурия Анқара набояд такроран ба хатогие роҳ диҳад, ки замоне пешниҳоди ИМА ҷиҳати узвият ба эътилоф барои сарнагун сохтани ҳокимияти Саддом Ҳусейнро рад карда буд. Дар ин бора РБК бо истинод ба Bloomberg хабар медиҳад.
«Мо намехоҳем, ки чун дар Ироқ дар Сурия ҳам ба ҳамон иштибоҳи роҳ диҳем. Уфуқро дидан зарур аст. Рӯйдодҳое, ки дар Сурия ҷараён доранд, то лаҳзаи муайяне мегузаранд. Дар кадоме аз онҳо ин бояд тағйир ёбад», – гуфтааст ӯ.
Ба гуфтаи Эрдуғон, нерӯҳои низомии Туркия «ба ҳама гуна вазъи имконпазир» дар Сурия омодаанд. Зимни посух ба савол дар бораи имкони амалиёти заминии артиши Туркия дар Сурия, ӯ қайд кардааст, ки «дар ин бора сухан гуфтан лозим нест», вале илова намудааст, ки «вақте зарур аст, кореро анҷом медиҳӣ, ки лозим аст».
Ӯ ҳамчунин масъалаи ҳуҷум ба Алеппоро шарҳ додааст. Bloomberg зикр мекунад, ки дар ҳуҷум ба Алеппо нерӯҳои низомии кайҳонии Русия ба артиши Сурия кумак мекунанд. «Шумо дар Сурия ба чӣ кор машғулед? Аслан Шумо истилогаред», – гуфтааст Эрдуғон зимни муроҷиат ба президенти Русия Владимир Путин.
Қаблан президенти Туркия аз ташрифи дипломати воломақоми амрикоӣ аз шаҳри Кубонии Сурия, ки таҳти назорати мусаллаҳони курд қарор дорад,
изҳори нороҳатӣ карда буд.





