Ҷустуҷӯи «маблағгузорон»-и хориҷии исёни Ҳоҷӣ Ҳалим



Зимни вохӯрии имрӯза бо журналистон сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон Сафаралӣ Мирзозода изҳор дошт, ки тафтиши парвандаҳои ҷиноӣ нисбати 199 афроди гумонбар ба ташкил ва иштирок дар исёни мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли гузашта таҳти раҳбарии собиқи мувини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) ба итмом расида, ҷиҳати баррасӣ ба Суди олии ҷумҳурӣ ирсол шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, аз 199 нафар, ки нисбаташон айбнома эълон шудааст, 179 нафарашон узви Ҳизби фаъолияташ дар қаламрави ҷумҳурӣ манъшудаи наҳзати исломӣ нестанд. «40 нафар иштирокчиён ва созмондиҳандагони исён мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шуда, 36 тан аз иштирокчиёни он зимни амалиёти махсус кушта шуданд», – гуфт ӯ.

Сарпрокурори ҳарбӣ қайд кард, ки айни замон ба маблағи умумии 151 млн. сомонӣ иншооти мутааллиқ ба иштирокчиён ва созмондиҳандагони исён таҳти ҳабс қарор доранд. «Тафтиши маблағгузории исён аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ ва шаҳрвандони он идома дорад», – афзуд Мирзозода.

spot_imgspot_img

Популярное