Боздошти нашъафурӯшони тоҷик дар Маскав



Мақомоти пулиси Русия як гурӯҳи фурӯшандагони маводи мухаддири иборат аз шаҳрвандони Тоҷикистонро  боздошт намудааст.

Мувофиқи маълумоти фаврӣ, се нафар хориҷиён аз ҳаммаслакони худ миқдори зиёди маводи мухаддирро дастрас ва сипас онро баркашидаву ҷобаҷо ва баъдан тариқи пинҳонгоҳҳо мефурӯхтаанд.

Бино ба маълумоти васоити ахбори умуми Русия, зимни кофтукови манзили иҷораи онҳо ҳудуди 6 кило маводи мухаддир мусодира шудааст.

Аз хадамоти матбуоти Раёсати Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовари Русия ба хабаргузории ТАСС дар ин робита иттилоъ додаанд, ки дар минтақаи шимоли шаҳри Маскав се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба фурӯши маводи мухаддири сахттаъсир машғул будаанд, боздошт ва аз онҳо 6 кило маводи мухаддири героин дарёфт ва мусодира шудааст.

Гуфта мешавад, кормандони пулис огаҳӣ ёфтаанд, ки шаҳрвандонии хориҷии боздоштшуда, ки нисбаташон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, аз ҳаммаслакони худ миқдори зиёди героин – аз 10 то 15 килоро дастрас намуда, сипас онро тариқи пинҳонгоҳҳо ба миқдори 1 кило ва зиёда аз он мефурӯхтаанд.

spot_imgspot_img

Популярное