Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аъзои нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и кишварро барои тасдиқ ба палатаи поёнии парлумон пешниҳод кард.
Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод, ки дар рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баррасии масъалаи марбут ба тасдиқи аъзои нави КМИР ҶТ раиси Шӯрои адлия Дӯстмурод Муродзода, раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосими Ҷаҳонгир ва ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Носир Салимӣ дар назар аст.
Ҳамчунин дар ҷаласаи Шӯро масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси гумрук ва қонун «Дар бораи фаъолияти гидрометереорологӣ» баррасӣ мешавад.
Зимнан зикр гардид, ки ғайр аз ин, аъзои Шӯро масъалаи тасдиқи Созишнома дар бораи маблағгузории муштараки Котиботи доимии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА (Долон (коридор)-и нақлиётии Аврупо – Қафқоз – Осиё) миёни Тарафҳои Созишномаи асосии бисёрҷониба дар бораи нақлиёти байнулмилалӣ оид ба рушди долони Аврупо – Қафқоз – Осиёро низ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.



