Дар мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо сафири Чин дар Тоҷикистон вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ баррасӣ шуданд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, ҷонибҳо зарурати густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, гидроэнергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия, комплекси агросаноатӣ, сайёҳӣ ва ғайраро таъкид намуданд.
Шариф Саид изҳор дошт, ки Чин аз ҷумлаи шарикони бузурги савдои хориҷии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, барои Тоҷикистон бозори Чин яке аз бозорҳои муҳимтарин ба шумор меравад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ зикр гардид, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи бузургмиқёси маҳсулоти Чин доир мегардад, ки «ба рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҷалби сармоя, технологияи навтарин ва таҷҳизот ба ҷумҳурӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, дарёфти шарикони имконпазир ва имзои қарордодҳои ҳамкории барои ҷонибҳои муфид мусоидат мекунад».



