Интернети боэътимод ва дастраси Бонки ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон



Ҳукуматҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Қирғизистон дар ҳамдастӣ бо гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ лоиҳаи Digital CASA-ро таҳия мекунанд.

Тавре Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар ин робита иттилоъ медиҳад, лоиҳаи мавриди таҳия ба амалисозии роҳандозии муносибати минтақавии фаромарзӣ баҳри беҳбуди васли хатти васеъу доманадор  ба интернет барои кишварҳои Осиёи Марказии маҳрум аз роҳи баромад ба баҳр ва баъзе қисматҳои Осиёи Ҷанубӣ нигаронида шудааст.

Қайд мешавад, ки амалисозии чунин тарзи муносибат ба воситаи ҷалби сармояи бахши хусусӣ ба рушди зербино ва ҳамчунин таҷдиди назари сиёсати дахлдор ва заминаи меъёрӣ дар назар аст, то ки аз имконоти телекоммуникатсия, энергетика ва зербинои нақлиётӣ истифода шавад.

Интизорӣ меравад, ки лоиҳаи Digital CASA имкон хоҳад дод, ки кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба як маркази бузурги рақамии транзитӣ табдил ёбанд.

«Дар сатҳи минтақавӣ лоиҳа ба васли кишварҳо ба зербинои минтақавӣ ва байнисайёравӣ равона шудааст, ки ба беҳбуди сатҳи ҳамкориҳои наздимарзӣ ва амал кардан ба сифати маркази транзитии пайвасти байнулмилалӣ миёни Аврупо ва Осиё имкон медиҳад», – таъкид мегардад дар маълумот.

Гуфта мешавад, дар сатҳи миллӣ лоиҳа ба роҳандозии хизматгузориҳои боэътимод ва дастраси интернет барои аҳолӣ, барқарор намудани алоқаи беҳтар байни тиҷорати хурду миёна ва соҳибкорони инфиродӣ бо иқтисоди сартосарии рақамӣ ва ҳамчунин рушди инноватсияҳо дар бахши хизматгузориҳои давлатӣ мусоидат мекунад.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон ҳукумати Қазоқистон низ имкони ба лоиҳаи Digital CASA пайвастанро мавриди баррасӣ қарор додааст.

spot_imgspot_img

Популярное