Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров субҳи имрӯз ба водии Рашт сафар карда, муддати чор рӯз бо сокинони гурӯҳи ноҳияҳои ин минтақа вохӯриҳо мегузаронад.
«Ҳадафи асосии сафари Ш.Зуҳуров ба минтақа шарҳу тавзеҳи бандҳои Паёми президент ба парлумон ва лоиҳаи пешниҳодшудаи тағйиирот ба Конститутсияи Тоҷикистон аст», – иттилоъ дод ба «Азия-Плюс» дар ин робита котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов.
Ғайр аз ин, ба гуфтаи ӯ, зимни вохӯриҳои раиси палатаи поёнии парлумон бо сокинони водии Рашт баррасии масоили марбут ба вазъи рушди иҷтимоиву иқтисодии водии мазкур ва ҳалли мушкилоти ҳаёти рӯзмарраи мардум дар назар буда, Ш.Зуҳуров ба аҳолӣ ҳамчунин дар бораи фаъолияти парлумон маълумот медиҳад.





