Хуҷанд: Боздошти «савдогар»-и замин ба беш аз 250 ҳазор $



Кормандон мақомоти милитсияи минтақаи шимоли ҷуҳурӣ ба гумони даст доштан дар қаллобӣ ба маблағи ниҳоят зиёд сокини 38-солаи шаҳри Хуҷанд Муин Мансуровро боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, боздоштшуда дар содир намудани 18 далели қаллобӣ гумонбар дониста мешавад, ки 12-то аз ин ҳодисаҳо ба муомилот бо фурӯши ғайриқонунии қитъаҳои замин алоқамандӣ доранд.

М.Мансуров аз сокинони бо ваъдаи кумак ба ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони нуқтаҳои фурӯш аз 40 то 50 ҳазор доллари ИМА ва ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз 3 то 12 ҳазор доллари ИМА маблағ гирифтааст.

Бо чунин тарзи қаллобӣ дар маҷмӯъ ӯ беш аз 250 ҳазор доллари ИМА-ро азхуд намуда, лекин дар ҳеҷ кадоме аз ҳолатҳо ба ваъдаи худ вафо накардааст.

Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное