Мулоқоти муовини нахуствазир бо ҳокими вилояти Қазоқистони Шарқӣ



Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим имрӯз бо ҳокими вилояти Қазоқистони Шарқии Ҷумҳурии Қазоқистон, собиқ нахуствазир ва собиқ вазири мудофиаи ин кишвар Даниал Аҳмедов, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овард, дидору гуфтушунид кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, зимни мулоқот масоили фаъол гардонидани кори Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ шуданд.

Дар ҷараёни мулоқот зикр гардидаст, ки дар ҷаласаи навбатии комиссияи зикршуда, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ баргузор мешавад, масъалаҳои густариши ҳамкории кишварҳо дар бахшҳои нақлиёту коммуникатсия, савдо, энергетика ва илму техника матраҳ хоҳанд шуд.

Зимнан зикр гардид, ки ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масоили роҳандозии робитаҳои мустақим миёни вилоятҳои Тоҷикистон ва вилояти Қазоқистони Шарқӣ табодули назар намуданд.

spot_imgspot_img

Популярное