Моҳи март тоҷикистониён 13 рӯз истироҳат мекунанд

ASIA-Plus



Бо назардошти рӯзҳои истироҳат ва рӯзҳои Иди модарону Наврӯз, моҳи марти имсол сокинони Тоҷикистон 13 рӯз истироҳат мекунанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, рӯзҳои 5,6,12,13,19,20,26 ва 27 моҳи марти соли равон ба рӯзҳои шанбе ва якшанбеи ҳафта рост меоянд.

Мутобиқи меъёрҳои қонуни Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», шаҳрвандони кишвар санаи 8 март Иди модарон ва даҳаи сеюми моҳ муддати 4 рӯз – 21,22,23 ва 24 бо рӯзҳои истироҳат иди Наврӯзро ҷашн мегиранд.

Ҳамин тариқ, бо назардошти рӯзҳои истироҳат ва рӯзҳои ид, моҳи марти имсол тоҷикистониён дар маҷмӯъ 13 рӯз истироҳат мекунанд.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...