Financial Times: Тоҷикистон аз ХБА 500 млн. $ дархост карданист

Барои дастгирии иқтисоди ҷумҳурӣ дар шароити буҳрон, Тоҷикистон аз Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) ҳудуди 500 млн. доллари ИМА маблағ дархост карданист. Дар ин бора газетаи Financial Times хабар медиҳад. Дар мусоҳиба ба нашрия муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев изҳор доштааст, ки «агар ХБА тариқи воситаҳои қарзҳои васеи худ ба ҷумҳурӣ 500 млн. […]

ASIA-Plus



Барои дастгирии иқтисоди ҷумҳурӣ дар шароити буҳрон, Тоҷикистон аз Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) ҳудуди 500 млн. доллари ИМА маблағ дархост карданист. Дар ин бора газетаи


Financial Times


хабар медиҳад.

Дар мусоҳиба ба нашрия муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев изҳор доштааст, ки «агар ХБА тариқи воситаҳои қарзҳои васеи худ ба ҷумҳурӣ 500 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо мекард, мувофиқи мақсад ва оқилона мебуд».

Нуралиев қайд кардааст, ки масъалаи аз ҷониби ҳукумат ба Хазина муроҷиат кардан алҳол то охир ҳаллу фасл нашудааст ва айни замон бо Хазина дар робита ба ин масъала гуфтушунид ҷараён дорад. «Бо дигар ниҳодҳои молии байнулмилалӣ низ Тоҷикистон дар ин маврид гуфтушунид дорад», – иброз доштааст ӯ.

Муовини раиси БМТ таъкид доштааст, ки моҳи декабри соли гузашта Бонки осиёгии рушд барои дастгирии буҷет 60 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо карда, бо Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди ҷудо кардани 30 лн. доллари ИМА ва бо Фонди авруосиёӣ доир ба ихтисос додани 20 млн. доллари ИМА гуфтушунидҳо ҷараён доранд.

Нашрия навиштааст, барои дастрас кардани кумак аз ХБА ҳукумати Тоҷикистон бояд як қатор шартҳо, аз ҷумла қатъи назорати асъор ва ҳамчунин роҳандозии ислоҳоти бонкӣ ва муассисаҳои давлатиро бипазирад.

Зимнан зикр мегардад, ки агар ҳатто ҳукумати Тоҷикистон ба ин шартҳо розӣ шавад ҳам, ҳаҷми қарзи ХБА аз 500 млн. доллари ИМА ба таври назаррас камтар хоҳад буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.