Дар Душанбе Наврӯз чор рӯз ҷашн гирифта мешавад

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи мақомоти шаҳрдории пойтахтро баргузор намуда, дар он масоили марбут ба ҳалли мушкилоти кори нақлиёти ҷамъиятӣ, таъмини сокинони шаҳр бо оби ошомиданӣ, таъмиру таҷдид ва чароғонсозии роҳҳо, таъмини бозорҳои пойтахт бо маҳсулоти ниёзи аввалия, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва саривақт аз қаламрави шаҳр берун баровардани партовҳои […]



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи мақомоти шаҳрдории пойтахтро баргузор намуда, дар он масоили марбут ба ҳалли мушкилоти кори нақлиёти ҷамъиятӣ, таъмини сокинони шаҳр бо оби ошомиданӣ, таъмиру таҷдид ва чароғонсозии роҳҳо, таъмини бозорҳои пойтахт бо маҳсулоти ниёзи аввалия, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва саривақт аз қаламрави шаҳр берун баровардани партовҳои маишӣ баррасӣ шуданд.

Тавре як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, барои роҳ додан ба камбудиҳо директори муассисаи давлатии Боғи фарҳангу фароғати «Дӯстии халқҳо» Шералӣ Раҳмонов аз вазифааш озод карда шудааст.

Дар машварат ҳамчунин масъалаи омодагии пойтахт ба ҷашни Наврӯз баррасӣ шуда, қарор шудааст, ки чорабиниҳои идона ба муносибати ҷашни Наврӯз рӯзи 21 март дар маҷмааи Наврӯзгоҳ доир гардида, дар он устодони санъати тоҷик, намояндагони ҳамаи маҳаллаҳои пойтахт иштирок мекунанд.

Тибқи қарори қабулшуда, рӯзи 22 март дар тамоми боғҳои фарҳангу фароғати Душанбе сайругаштҳои оммавии сокинон ва меҳмонони пойтахт ва консертҳо баргузор мешаванд. Дар ин рӯз дар маҷмааи Наврӯзгоҳ мусобиқаҳо оид ба гуштии миллӣ доир гардида, ҷоизаи асосӣ автомашинаи сабукрав хоҳад буд.

Санаи 23 март иди Наврӯз ддар сатҳи ноҳияҳои шаҳр ҷашн гирифта шуда, дар маҷмааи Наврӯзгоҳ пойгаҳои аспдавонӣ баргузор мешаванд ва ҷоизаи асосии ин мусобиқот аспи зотии даванди тоҷикӣ аст. Рӯзи 24 март дар тамоми шаҳр чорабиниҳои оммавии кабудизоркунӣ гузаронида мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

ЧОРАБИНИИ РӮЗ Имрӯз, соати 14:00 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 60-солагии нашри достони "Мавҷҳои Днепр"-и устод Муъмин Қаноат маҳфили илмиву адабӣ баргузор...

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.