Бо ташаббуси ташкилоти байнулмилалии ҷамъиятии «Муколамаи авруосиёӣ (Евразийский диалог) рӯзи 27 феврал дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои миллат ва нақши таърихии ӯ дар баланд бардоштани арзишҳои моддӣ ва маънавии миллат» конфронси илмии ҷумҳуриявӣ доир мегардад.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», конфронс ба муносибати қабули қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат» баргузор шуда, дар мавзӯи нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ олимон, сиёсатшиносон, муаррихон ва ҷомеашиносон суханронӣ ва маърӯзаҳо хоҳанд кард.
Кори конфронс дар қисматҳо (гурӯҳҳо) идома ёфта, иштирокчиёни онҳо доир ба нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди иқтисоди миллӣ, хизмати таърихии Пешвои миллат, Пешвои миллат – асосгузори давлати миллии тоҷикон, рушди забони давлатӣ ҳамчун ғалабаи сиёсати миллии Пешвои миллат, нақши хирадмандонаи миллии Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати давлатӣ ва дар бораи Пешвои миллат – асосгузори дипломатияи муосири Тоҷикистон соҳибистиқлол маълумот хоҳанд дод.
Дар ҷараёни кори конфронси ҷумҳуриявӣ намоиши филм дар бораи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.





