Осеби наврасони тоҷик зимни як садама дар вилояти Псков

Се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла ду нафар наврасон бар асари як садама дар шоҳроҳи Р-23 Петербург – Невел дар вилояти Пскови Русия осеб диданд. Дар ин бора ВАО-и Русия бо истинод ба хадамоти матбуоти Раёсати минтақавии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар хабар медиҳанд. Хабаргузории «Интерфакс» дар ин робита менависад, нимашаб дар километри 301-уми шоҳроҳи […]



Се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла ду нафар наврасон бар асари як садама дар шоҳроҳи Р-23 Петербург – Невел дар вилояти Пскови Русия осеб диданд. Дар ин бора ВАО-и Русия бо истинод ба хадамоти матбуоти Раёсати минтақавии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар хабар медиҳанд.

Хабаргузории

«Интерфакс»

дар ин робита менависад, нимашаб дар километри 301-уми шоҳроҳи Петербург – Невел ронандаи автомашинаи тамғаи «Фолксваген Каравелла» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳ берун ва ба симчӯб бармехӯрад. Бар асари ин садама сокинони Тоҷикистон – зани 43-сола ва наврасони 16 ва 14-сола осеб дидаанд.

«Осебдидагон ба бемористони вилоятии Псков оварда шуда, ба ҳаёту солимии онҳо чизе таҳдид намекунад», – иттилоъ медиҳад хабаргузории

«Псковское агентство информации»

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".