Баррасии нақши Э.Раҳмон дар баланд бардоштани арзишҳои моддӣ ва маънавии миллат

Бо ташаббуси ташкилоти байнулмилалии ҷамъиятии  «Муколамаи авруосиёӣ (Евразийский диалог) рӯзи 27 феврал дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои миллат ва нақши таърихии ӯ дар баланд бардоштани арзишҳои моддӣ ва маънавии миллат» конфронси илмии ҷумҳуриявӣ доир мегардад. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», конфронс ба муносибати қабули қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ […]



Бо ташаббуси ташкилоти байнулмилалии ҷамъиятии  «Муколамаи авруосиёӣ (Евразийский диалог) рӯзи 27 феврал дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои миллат ва нақши таърихии ӯ дар баланд бардоштани арзишҳои моддӣ ва маънавии миллат» конфронси илмии ҷумҳуриявӣ доир мегардад.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», конфронс ба муносибати қабули қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат» баргузор шуда, дар мавзӯи нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ олимон, сиёсатшиносон, муаррихон ва ҷомеашиносон суханронӣ ва маърӯзаҳо хоҳанд кард.

Кори конфронс дар қисматҳо (гурӯҳҳо) идома ёфта, иштирокчиёни онҳо доир ба нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди иқтисоди миллӣ, хизмати таърихии Пешвои миллат, Пешвои миллат – асосгузори давлати миллии тоҷикон, рушди забони давлатӣ ҳамчун ғалабаи сиёсати миллии Пешвои миллат, нақши хирадмандонаи миллии Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати давлатӣ ва дар бораи Пешвои миллат – асосгузори дипломатияи муосири Тоҷикистон соҳибистиқлол маълумот хоҳанд дод.

Дар ҷараёни кори конфронси ҷумҳуриявӣ намоиши филм дар бораи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".