Азим Иброҳим: Натиҷаҳои назаррас дар саноат ба ивази талафоти ҷонӣ қобили қабул нест

Дар ҷаласаи кории Хадамоти   назорати  давлатии  бехатарии  корҳо  дар  саноат ва соҳаи кўҳкорӣ бо иштироки муовини сарвазири мамлакат Азим Иброҳим масоили вобаста ба таъмини бехатарии меҳнат дар истеҳсолот, андешидани  чораҳои  саривақтӣ  барои  пешгирии  ҳодисаҳои  нохуш дар корхонаҳои  саноатию  сохтмонӣ, конҳои   истихроҷи  ангишту маъдан ва  иншооти  дорои  таҷҳизоти  ҳамлу нақл ва борбардор баррасӣ шуд. Бино ба […]

АМИТ «Ховар»



Дар ҷаласаи кории Хадамоти   назорати  давлатии  бехатарии  корҳо  дар  саноат ва соҳаи кўҳкорӣ бо иштироки муовини сарвазири мамлакат Азим Иброҳим масоили вобаста ба таъмини бехатарии меҳнат дар истеҳсолот, андешидани  чораҳои  саривақтӣ  барои  пешгирии  ҳодисаҳои  нохуш дар корхонаҳои  саноатию  сохтмонӣ, конҳои   истихроҷи  ангишту маъдан ва  иншооти  дорои  таҷҳизоти  ҳамлу нақл ва борбардор баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои

АМИТ «Ховар»

, муовини  сарвазири  мамлакат  таъкид  намудаааст, ки бинобар сабаби паст будани сатҳи дониши мутахассисони соҳаҳои кўҳкорию  техникӣ ва  истеҳсолӣ, ҳамчунин  риоя  нагардидани техникаи бехатарӣ дар истеҳсолот  ҳодисаҳои нохуш нисбат ба соли гузашта бештар  ба қайд  гирифта  шудаанд. Дар солҳои охир бинобар сабаби  рушду тараққиёти  бемайлони соҳаҳои саноат ва кўҳкорӣ, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми  истеҳсоли  ангишт ва намудҳои гуногуни  металл  дар  мамлакат  нишондиҳандаҳои  сар  задани ҳодисаҳои нохуш  низ  дар истеҳсолот  мутаассифона афзун гардидаанд, ки боиси нигаронии ҷиддӣ аст. Яке аз сабабҳои афзоиши садамаҳои истеҳсолӣ маҳз риоя нагардидани  техникаи ҳатмии бехатарии  меҳнат ба ҳисоб меравад.

Дар  соли  2015  аз  ҷониби Хадамоти   назорати  давлатии  бехатарии  корҳо  дар  саноат  ва  соҳаи  кўҳкорӣ  22  ҳодисаи  нохуш  ва 1 садамаи истеҳсолӣ  ба қайд гирифта  шудааст, ки  нисбат  ба соли 2014  7 ҳодиса  зиёд  мебошад.

Муовини сарвазир оид ба таъмини бехатарӣ дар истеҳсолот махсусан  таъкид  намуд, ки  дастовардҳои истеҳсолӣ  набояд  бар ивази  талафоти  ҷонӣ  таъмин  карда  шаванд.  Вобаста ба ин, масъулини соҳа, муҳандисони бехатарии меҳнат дар корхонаю муассисаҳои  истеҳсолӣ  вазифадор гардиданд, ки  барои пешгирӣ  кардани  ҳар  гуна  ҳодисаҳои  нохуш  чораҳои  қатъии  тахассусӣ амалӣ намоянд.

Ҳамчунин ба сардори Нозироти давлатии назорати техникаи борбардор,  зарфҳои  зери  фишор коркунанда  ва  аттраксионҳо  супориш дода шуд, ки назоратро нисбати сифати лифтҳои иншооти гуногун дар шаҳру ноҳияҳо  пурзўр  карда, ҳолати корӣ ва мутобиқати  ҳар  як  лифтро  дар  алоҳидагӣ  аз  тахшиси  техникӣ   гузаронанд  ва   танҳо  дар  сурати   ҷавобгўй  ба  талабот  будан  барои  истифодаи  умуми онҳо  иҷозат диҳанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.