Раиси шаҳри Хуҷанд: ВАО минбари омма аст

ASIA-Plus



Дар маҷлисгоҳи ҳукумати шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода Иди матбуот таҷлил гардид, ки дар он собиқадорони соҳа, журналистону хабарнигорон, роҳбарони воситаи ахбори оммаи шаҳру вилоят ва намояндагии расонаҳои марказӣ ширкат варзиданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҳукумати шаҳри Хуҷанд, Раҷаббой Аҳмадзода ҳозирин ва тамоми кормандони расонаҳои иттилоотиро бо ин санаи неки касбӣ табрик намуда, саҳми эҷодкорон ва журналистонро дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ муҳим ва назаррас баҳогузорӣ намуд.

«Яке аз ин рукнҳои муҳими устувории давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлолмамон ин арзи ҳастӣ намудани расонаҳои гуногуни иттилоотӣ буда, изҳори назару андешаҳои бунёдкорона ва созанда тариқи ин минбари омма аст», – иброз дошт ӯ.

Ҳамчунин раиси шаҳри Хуҷанд ба иштирокдорони ин чорабинӣ доир ба нақшаю дурнамои ҳукумати шаҳр ба истиқболи 25 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва таҷлили ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ ва корҳои ободонию созандагӣ сӯҳбат намуд.

Тибқи қарори раиси шаҳри Хуҷанд ба наздики 60 нафар журналистон ва кормандони воситаи ахбори омма тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Аз номи журналистон ва иштирокдорони ин чорабинии идона мухбири махсуси газетаи «Ҷумҳурият» дар вилояти Суғд Ҷовиди Аштӣ барои таваҷҷӯҳу қадрдонӣ ба давлату ҳукумат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд изҳори сипос намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...