Ифтитоҳи 22 майдончаи варзишӣ дар Хуҷанд то ҷашни истиқлолият

ASIA-Plus



Имрӯз дар маркази вилояти Сугд – шаҳри Хуҷанд сокинони бинои баландошёнаи № 20, маҳаллаи “Масҷиди савр”,ки дар буриши хиёбони ба номи И. Сомонӣ ва кӯчаи ба номи К. Хуҷандӣ ҷойгир  аст, соҳиби тӯҳфаи наврӯзӣ гаштанд. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сокинони бино соҳиби маҷмаи фароғатию варзишӣ гаштанд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории Хуҷанд дар маросими кушодашавии он муовини раиси вилояти Суғд Заробиддин Файзуллозода ва раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва аҳли илму адаб ва зиёиёни вилоят ширкат намуданд. Баъди буридани лентаи рамзӣ Заробиддин Файзуллозода, Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳайати меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои дастии ҳунармандон, иҷрои суннатҳои наврӯзӣ аз қабили бозиҳои миллии кӯдакону наврасон, ороиши дастурхон ва намоиши хони наврӯзӣ тамошо карданд. Кӯдакону наврасон бошад дар васфи наврӯзу ватан, ободии диёр шеъру таронаҳо хонда, ҳамзамон анъанаҳои наврӯзиро иҷро намуданд.

Маҷмааи фароғатию варзишӣ, ки аз 6 майдончаҳои ҷудогона барои шуғли кӯдакон, бозии футболи хурд, волейбол, баскетбол иборат аст, бо маблағгузории бештар 200 ҳазор сомонӣ аз ҷониби ҳукумати шаҳри Хуҷанд ва иштироки фаъолонаи сокинони бинои мазкур бунёд гардид.

Дар бинои баландошёнаи зикргардида бештар аз 500 нафар  дар 84 оила иқомат доранд, ки давоми 30 соли охир барои кӯдакону сокинони маҳалла барои машғул шудан ба варзиш ва фароғат имконияти мувофиқ мавҷуд набуд. Дар баробари ин барои кадбонуҳо оташдону танӯр ва ҷойи пухтани таом бо шароиту риояи талаботи мавҷуда мавриди истифода қарор дода шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд ба масъулини соҳа супориш дод,ки минбаъд чорабиниҳои варзишии байни дастаҳои маҳаллаҳои шаҳр дар ин маҷмаи нави фароғатию варзишӣ баргузор гардад.

Лозим ба ёдоварист,ки то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳи 22 майдончаи варзишӣ пешбинӣ гаштааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.