Ҳамоиши роҳбарони агентиҳои иттилоотии ИДМ дар Душанбе

Ҷаласаи Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзҳои 15-16 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир мегардад. Бино ба иттилои Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласа аз фаъолияти агентиҳои иттилоотии ИДМ дар соли 2015 натиҷагирӣ шуда, нақшаҳои ҳамкорӣ дар соли равон мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Гуфта мешавад, зимни ҳамоиш баррасии масоили ҳамкориҳои […]



Ҷаласаи Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзҳои 15-16 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир мегардад.

Бино ба иттилои Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласа аз фаъолияти агентиҳои иттилоотии ИДМ дар соли 2015 натиҷагирӣ шуда, нақшаҳои ҳамкорӣ дар соли равон мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Гуфта мешавад, зимни ҳамоиш баррасии масоили ҳамкориҳои хадамоти аксбардории агентиҳо ва омодагӣ ба ҷашни 25-умин солгарди Иттиҳод ( моҳи декабр) дар назар буда, атрофи ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои муштарак табодули назар сурат мегирад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар кори ҷаласа раиси Шӯрои иттилоотии ИДМ, директори генералии ТАСС, роҳбарони агентиҳои давлатии итттилоотии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Русия ва намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок мекунанд.

Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3 ноябри соли 1995 тибқи Созишномаи кишварҳои узви ИДМ таъсис дода шуда, инъикоси равандҳои ҳамгиройӣ дар Иттиҳод барои аҳолии кишварҳо аз вазифаҳои муҳими он ба шумор меравад. Дар доираи фаъолият ба масъалаҳои азхудкунии медиатехнологияҳои нав ва ҳамкорӣ дар шароити ба таври густурда ҷоришавии он таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".