Рӯзи 17 марти соли 2016 Сафорати Ҷопон семинари иттилоотӣ дар мавзӯи “Барномаи кӯмакҳои бебозгашти Ҳукумати Ҷопон барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) дар Тоҷикистон» дар Маркази Исмоилия баргузор намуд, ки дар он нишондиҳӣ аз тартибу низом ва талаботи амалӣ гаштани лоиҳаҳои GGP, саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор оид ба босамар анҷом ёфтани лоиҳаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Беш аз 70 намояндагони созмонҳои ғайридавлатии (СҒД) маҳаллӣ ва байналмилалӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ҳокимияти давлати аз манотиқи гуногун ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ дар семинар ширкат варзиданд.
Семинари GGP, ки нахустин бор маҳз дар Тоҷикистон амалӣ гашт, барномаи таълимии техникӣ буда дар ҳамкори бо Ташкилоти ҷамъиятии дӯстии Тоҷикистону Ҷопон “Ниҳон-Тоҷ” баргузор гардид. Чорабинии мазкур ҷихати таъмини иттилоотӣ дар ҳар як марҳилаи тартиби кории GGP ва санадҳои зарурӣ мусоидат менамояд, ки онҳо баҳри пурсамар ва босифат иҷро намудани лоиҳаҳо имкон медиҳанд.
Дар семинар кормандони ботаҷрибаи Сафорат оид ба бахшҳои мухталифи татбиқи лоиҳаҳо, аз ҷумла “Пешниҳоди Дархостнома”, “Назорати пешакии лоиҳа”, “Шаклсозии лоиҳа”, “Имзои шартномаи грантӣ”, “Татбиқи лоиҳа”, “Анҷоми лоиҳа» ва «Назорат баъди анҷоми лоиҳа” баромад карданд. Ҳамвора таҷрибаи босамар анҷом ёфтани ду лоиҳаи пешин, ки дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Ҳамадонӣ амали шуданд, пешниход гаштанд. Баъди анҷоми намоишҳо, саволу ҷавоб баргузор шуд, ки дар он иштирокчиён мавриди қоида ва талабу дархостҳои лоиҳаҳои бебозгашт пурсон шуданд ва табодули афкор карданд.
Семинар бобарор баргузор шуда, барои ҳамаи ҳозирин имкони босамар буд, то маълумоти мукаммал дар бораи “Кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP)” дар доираи барномаи расмии Ҷопон оид ба рушдро ба даст оранд.
Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешавад. Аз соли 1996 то инҷониб, кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 352 лоиҳаро ба маблағи умумии $28.5 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.



