Соли равон Тоҷикистон ҳаҷми муомилоти мол бо Ӯзбекистонро ба таври қобили мулоҳиза афзуд ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳаҷми муомилоти моли ҷумҳурӣ қариб бо тамоми дигар кишварҳои хориҷӣ рӯ ба коҳиш аст.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти Ҷт иттилоъ доданд, дар зарфи 2 моҳи аввали соли равон ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳудуди 3,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,2 баробар зиёдтар мебошад.
Дар ҳамин ҳол, давоми моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ муомилоти моли Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар маҷмӯъ коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла ҳаҷми муомилоти моли дуҷониба бо Украина ба андозаи – 54%, Беларус – қариб 50%, Қирғизистон – 40%, Русия ва Туркманистон – тақрибан 14%-ӣ ва Қазоқистон – ба миқдори 8% поин рафтааст.
Қобили зикр аст, ки поинравии ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон соли 2009, баъди аз низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ хориҷ шудани Ӯзбекистон оғоз гардид.
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон каме бештар аз 12 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2014 ба андозаи 6% камтар аст.
Ҳамчунин лозим ба зикр аст, ки аввали солҳои 2000-ум ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 500 млн. доллари ИМА-ро ташкил медод.



