Алоқаи «МегаФон» дар қуллаҳои Помир

Ширкати “МегаФон” истгоҳи базавии навро дар деҳаи Гудараи водии Бартанг Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба кор андохт. Ин иншооти якумини алоқа баъд аз заминларзаи декабрӣ дар баландкӯҳи ВМКБ насб шудааст. Таҷҳизоти алоқа, ки дар минтақаҳои аз хатари зилзила осебпаззир аз ҷониби оператор насб шудааст, бо эътимоднокии зиёд фарқ мекунад. Инак, истгоҳи базавӣ дар Гудара таъминоти […]

Иттилоияи расмӣ



Ширкати “МегаФон” истгоҳи базавии навро дар деҳаи Гудараи водии Бартанг Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба кор андохт. Ин иншооти якумини алоқа баъд аз заминларзаи декабрӣ дар баландкӯҳи ВМКБ насб шудааст.

Таҷҳизоти алоқа, ки дар минтақаҳои аз хатари зилзила осебпаззир аз ҷониби оператор насб шудааст, бо эътимоднокии зиёд фарқ мекунад. Инак, истгоҳи базавӣ дар Гудара таъминоти нерӯдиҳандаи барқии алоҳида дорад – таҷҳизот бо истифода аз генератори дизелӣ фаъолият мекунад. Ин ба новобастагӣ аз шабакаҳои барқии маҳаллӣ имкон дода, муштариёнро ҳамеша бо алоқаи боэътимод бо наздиконашон дар ҳолати пурра набудани инфрасохтори беруна  таъмин мекунад.

“Фаъолияти нерӯдиҳандаи барқии алоҳидаи таҷҳизот дар маҳалҳои дурдаст аз мавзеҳои калони аҳолинишин ва магистралҳои бузург беист ягона роҳи имконпазир аст. Хусусан чунин истгоҳҳои базавӣ   барои мавзеҳои баландкӯҳ, ки онҷо такроран зилзила ва ҷараёни сел рух медиҳад, муҳим аст. Ҳатто дар ҳолатҳои фавқуллода истгоҳҳои базавии мо фаъол мемонанд ва ба муштариён барои алоқа бо наздикон ё бо хадамотҳои ёрии таъҷилӣ кӯмак мерасонад”, – чунин қайд менамояд Роҳбари Раёсати минтақавии ширкати “МегаФон” дар ВМКБ

Раим Садоншоев.

“Рушди шабака дар минтақаҳои баландкӯҳ барои мо на он қадар лоиҳаи техникӣ, балки лоиҳаи иҷтимоӣ мебошад. Бешубҳа, дар мавзеъҳои хурд сарборӣ ба истгоҳҳои базавӣ он чунон зиёд нест ва муҳлати баровардани харҷи чунин иншоот хеле меафзояд. Дар ин маврид ҳамеша дар алоқа бо хона будани сокинони ВМКБ – чи дар шаҳракҳои маҳалли зисти хеш ва чи дар роҳ барои мо муҳим аст. Зистан басе оромтар аст, вақте ту медонӣ, ки дар ҳолати рух додани мушкилот метавонӣ занг занӣ ё ба ёрӣ ҷеғ занӣ! Баҳри чунин ҳузуру ҳаловати муштариёни худ мо фаъолият мебарем!” – мегӯяд директор оид ба инфрасохтори ширкати “МегаФон Тоҷикистон”

Павел БЕЛЕСОВ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.