Пешвои Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский бар ин назар аст, ки ҳалли мушкилоти муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ хеле осон аст.
« Ҳама чизро аз онҳо харидан даркор ва ҳеҷ гуна коргарони тоҷик ба назди мо намеоянд, дар ватани худашон кор мекунанд», – гуфтааст Жириновский дар
мусоҳиба
ба нашрияи «Известия».
Мутобиқи
маълумоти
Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, аввали моҳи марти соли равон ҳудуди 864 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор доштаанд, ки тақрибан 11% аз шумори умумии аҳолии Тоҷикистон (наздики 8,2 млн. нафар)-ро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, тайи солҳои ахир шумори муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар қаламрави Русия қариб 14% коҳиш ёфтааст.
Зимнан зикр мегардад, ки аввали соли 2015 наздики 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия кору зиндагӣ мекарданд.





