Субҳи имрӯз, 5 апрел журналисти тоҷик Самеулло Сайфуллоев пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 67-солагӣ аз олам даргузашт.
Маросими ҷанозаи ӯ имрӯз дар зодгоҳаш – ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ)-и вилояти Суғд баргузор мешавад.
Самеулло Сайфуллоев баъи хатми шуъбаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, шурӯъ аз соли 1971 дар газетаи «Омӯзгор»-и Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ кор кардааст.
Фаъолияти кориашро ӯ дар ҳамин рӯзнома ба сифати хабарнигор оғоз намуда, аз охири қарни гузашта то аввали асри кунунӣ ба ҳайси сардабири рӯзномаи омӯзгорони Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.
Қобили зикр аст, ки бо фармони президенти Тоҷикистон Самеулло Сайфуллоев бо ордени «Шараф» сарфароз гардонида шудааст.



