Анонс
– Дар меҳмонхонаи «Серена» ҳамоиши доираҳои тоҷирону соҳибкорони Тоҷикистону Покистон дар соҳаи саноати сабук ва ҳамчунин фестивали фарҳангӣ баргузор мешавад. Оғози чорабиниҳо мутаносибан соатҳои 11-30 ва 18-30;
– Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шотемур Намоишгоҳ-ярмаркаи панҷуми байнулмилалии «Маълумоти олӣ (маориф)-и Русия. Душанбе-2016» доир мегардад;
– Дар Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ опереттаи Д.Дӯстмуҳаммедов «Дугонаҳо» намоиш дода мешавад. Оғоз соати 16-00;
– Дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе дар доираи Ҳафтаи франкофония ҷашнвораи филмҳо барпо мешавад. Чорабинӣ аз ҷониби маркази фарҳангии «Бактрия» бо дастгирии сафорати Франсия дар Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги ҶТ, Дафтари ҳамкории Швейтсария созмон дода мешавад;
– Мусобиқаи 25-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон оғоз мегардад. Дар мусобиқаи имсола 10 даста барои қаҳрамонӣ рақобат мекунанд.
Қ
урби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1
доллари ИМА –
7.8696
сомонӣ;
1
евро –
8.9296
сомонӣ;
1
рубли русӣ
– 0.1127
сомонӣ.
Як р
ӯ
зи таърих
Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ.
1967
– Ифтитоҳи Даҳаи фарҳанги рус дар Тоҷикистон.
1978
– Таъсиси ноҳияи Қубодиён.
2008
— Дар назди бинои Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон нимпайкараи Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ифтитоҳ шуд.
2010
— Дар Тоҷикистон Маркази дастгирӣ ва рушди иттиҳодияҳо таъсис дода шуд, ки 70 иттиҳодияҳои муваффақи кишварро муттаҳид сохт.
2013
— СММ аз озодии Абдумалик Абдуллоҷонов истиқбол намуда, дар Душанбе бошад, назди сафорати ИМА ва Барномаи рушди СММ гирдиҳамойӣ доир гардид.
2013
– Дар Душанбе дар синни 82-солагӣ пас аз бемории кӯтоҳмуддат рассоми маъруфи тоҷик, Рассоми халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев аз олам даргузашт.
1885
– Зодрӯзи рассом, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Мақсуд Солиев.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Суғд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +8+13.
Дар вилояти Хатлон
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +17+22.
Дар Вилояти Мухтори К
ӯ
ҳистони Бадахшон
— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар ғарб шабона 0+5, рӯзона +11+16; дар шарқ шабона -10-15, рӯзона -1+4.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12 рӯзона +21+26, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +12+17.
Дар шаҳри Душанбе
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +8+10 рӯзона +23+25.
Дар шаҳри Ху
ҷ
анд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона+21+23.
Дар шаҳри Қ
ӯ
рғонтеппа
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +24+26.
Дар шаҳри Хоруғ
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +10+12.





