Мубин Эргашев пас аз беморӣ ба кор баромад

Пас аз 10 рӯзи бистарӣ дар бемористон сармураббии дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе Мубин Эргашев ба кор баромад. Бино ба иттилои сомонаи расмии бошгоҳи «Истиқлол», мутахассиси 43-сола рӯзи 5 апрел дар тамрини якунимсоатаи футболбозони ин даста ҳузур доштааст. Қобили зикр аст, ки Мубин Эргашев, ки то 30 март ҳамзамон ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими мунтахаби […]

ASIA-Plus



Пас аз 10 рӯзи бистарӣ дар бемористон сармураббии дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе Мубин Эргашев ба кор баромад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии бошгоҳи «Истиқлол», мутахассиси 43-сола рӯзи 5 апрел дар тамрини якунимсоатаи футболбозони ин даста ҳузур доштааст.

Қобили зикр аст, ки Мубин Эргашев, ки то 30 март ҳамзамон ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими мунтахаби футболи Тоҷикистон низ фаъолият дошт, рӯзи 27 март ба иллати бемории дил дар Маркази миллии тиббӣ бистарӣ шуд.

Ёдрас мекунем, ки 30 марти соли ҷорӣ раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳайати мураббиёни дастаи мунтахаби футболи кишварро пурра

ба истеъфо фиристод

. Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии даста Мубин Эргашев ҳамроҳ бо ёварони худ бинобар натиҷаҳои ғайриқаноатбахши даста дар мусобиқоти марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018, ки мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» зинаи 4-умро ишғол намуд, аз мансабҳояшон барканор шуданд.

Бино ба 

иттилои

 сомонаи расмии ФФТ, дастаи мунтахаби кишварро ба мусобиқаҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 ҳайати нави мураббиён омода хоҳад кард. Сармураббии нави даста ояндаи наздик эълон шуда, ӯ мустақилона ёварони худро интихоб мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.