Иттиҳоди нерӯҳои мудофиаи зидди ҳавоии Русия бо Тоҷикистону Қирғизистон

Нерӯҳои зидди ҳавоии Русия бо Қирғизистону Тоҷикистон низомҳои муттаҳидаи минтақавӣ бунёд карданианд, – хабар медиҳад РИА Новости . Муовини аввали сарфармондеҳи Нерӯҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия генерал-лейтенант Павел Кураченко рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта, 6 апрел ба журналистон дар ин робита изҳор намудааст, ки «созишномаҳо дар бораи таъсиси низомҳои муттаҳидаи минтақавии мудофиаи зидди ҳавоии Русия ва Қирғизистон ва […]



Нерӯҳои зидди ҳавоии Русия бо Қирғизистону Тоҷикистон низомҳои муттаҳидаи минтақавӣ бунёд карданианд, – хабар медиҳад


РИА Новости


.

Муовини аввали сарфармондеҳи Нерӯҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия генерал-лейтенант Павел Кураченко рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта, 6 апрел ба журналистон дар ин робита изҳор намудааст, ки «созишномаҳо дар бораи таъсиси низомҳои муттаҳидаи минтақавии мудофиаи зидди ҳавоии Русия ва Қирғизистон ва ҳамчунин Русия ва Тоҷикистон таҳия ва дар марҳилаи мувофиқасозӣ қарор доранд».

Дар робита ба таъсиси Минтақаи амнияти дастаҷамъии Осиёи Марказӣ Кураченко хотиррасон намудааст, ки соли 2013 чунин созишнома миёни Русия ва Қазоқистон ба имзо расида, феълан корҳои мувофиқасозии номгӯи мақомоти идоракунӣ, нуқтаҳои фармондеҳии ҷузъу томҳо ва қисмҳои низомии ба ин Низоми ягонаи дифои зидди ҳавоӣ ҷудомешуда ҷараён доранд.

Низоми муттаҳидаи мудофиаи зидди ҳавоии кишварҳои узви ИДМ бар асоси созишномаи даҳ кишвари Иттиҳод, ки 10 феврали соли 1995 дар Алмаато ба имзо расида буд, таъсис дода шудааст.

Хабаргузории

ТАСС

дар ин маврид менависад, муҳлати амали созишнома маҳдуд набуда, он барои ҳамроҳшавии дигар кишварҳо, ки муқаррароти Консепсияи ҳифзи фазои ҳавоии кишварҳои узви ИДМ ва нақшаи амали муштараки нерӯ ва воситаҳои Низоми муттаҳидаи мудофиаи зидди ҳавоиро қабул доранд, боз аст.

Гуфта мешавад, айни замон ба ҳайати низоми муттаҳидаи мудофиаи зидди ҳавоӣ 8 кишвар – Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Украина шомил мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.