Идомаи поинравии мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА

Дар рейтинги нави ФИФА (Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол), ки дар сомонаи расмии он ба нашр расид, мунтахаби футболи Тоҷикистон 14 зина поин рафта, ҳамроҳ бо Малта зинаи 164-умро ишғол мекунад. Ҳамин тариқ, мунтахаби футболи Тоҷикистон тадриҷан ба рекорди пасттарини худ дар рейтинги ФИФА, ки соли 2002-юм (зинаи 168-ум) сабт шуда буд, наздик мешавад. Дар ин […]

ASIA-Plus



Дар


рейтинги нави ФИФА


(Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол), ки дар сомонаи расмии он ба нашр расид, мунтахаби футболи Тоҷикистон 14 зина поин рафта, ҳамроҳ бо Малта зинаи 164-умро ишғол мекунад.

Ҳамин тариқ, мунтахаби футболи Тоҷикистон тадриҷан ба рекорди пасттарини худ дар рейтинги ФИФА, ки соли 2002-юм (зинаи 168-ум) сабт шуда буд, наздик мешавад.

Дар ин рейтинг миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мунтахаби футболи Тоҷикистон мақоми охир – зинаи 15-ум ва дар байни 46 дастаи Конфедератсияи футболи Осиё мақоми 29-умро касб кардааст.

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон – дар зинаи 68-ум, Қирғизистон – 100-ум (рекордӣ барои ин кишвар), Қазоқистон – 116-ум ва Туркманистон – дар мақоми 128-ум қарор гирифтаанд.

Зинаи аввали рейтингро мунтахаби Аргентина ишғол намуда, ба даҳгонаи беҳхтарини мунтахабҳои футболи ҷаҳон Белгия, Чили, Колумбия, Олмон, Испания, Бразилия, Португалия, Уругвай ва Англия шомиланд.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013-ум мебошад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.