Боздошти сокини Душанбе барои тайёр кардани пулҳои қалбакӣ

Кормандони милитсия рӯзи 6 апрел марди 23-солаи сокини шаҳри Душанберо ба гумони тайёр кардан ва ба муомилот баровардани пул, ё коғазҳои қимматноки қалбакӣ дастгир карданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, муайян карда шудааст, ки номбурда, дар хонаи муваққатан истиқоматиаш ба тайёр намудан ва ба муомилоти ғайриқонунӣ баровардани асъори миллӣ, купюраҳои қалбакии арзишашон 50-сомонӣ […]



Кормандони милитсия рӯзи 6 апрел марди 23-солаи сокини шаҳри Душанберо ба гумони тайёр кардан ва ба муомилот баровардани пул, ё коғазҳои қимматноки қалбакӣ дастгир карданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, муайян карда шудааст, ки номбурда, дар хонаи муваққатан истиқоматиаш ба тайёр намудан ва ба муомилоти ғайриқонунӣ баровардани асъори миллӣ, купюраҳои қалбакии арзишашон 50-сомонӣ машғул будааст.

Гуфта мешавад, дар вақти азназаргузаронии манзили муваққатиаш далелҳои шайъӣ – 103 адад купюраҳои қалбакии арзишашон 50-сомонӣ ва як адад таҷҳизоти компютерӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ҳодиса идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.