Ёвон: Боздошти 5 нафар ба гумони ғоратгарии мусаллаҳона

Ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ёвон марди 57-солаи сокини ноҳияи А.Ҷомӣ муроҷиат намудааст, ки моҳи феврали соли 2016, тахминан соатҳои 18:00-дақиқа, чанд нафар шахсони номаълум, ки бо худ силоҳи оташфишон доштаанд, бо автомашинаи тамғаи “Ранҷровер”, ба манзили истиқоматии ӯ омада, бо таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбати писараш, марди 34-солаи сокини ҳамин ноҳия, ки гӯё аз онҳо […]

asia+, asia+



Ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ёвон марди 57-солаи сокини ноҳияи А.Ҷомӣ муроҷиат намудааст, ки моҳи феврали соли 2016, тахминан соатҳои 18:00-дақиқа, чанд нафар шахсони номаълум, ки бо худ силоҳи оташфишон доштаанд, бо автомашинаи тамғаи “Ранҷровер”, ба манзили истиқоматии ӯ омада, бо таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбати писараш, марди 34-солаи сокини ҳамин ноҳия, ки гӯё аз онҳо 6 ҳазор сомонӣ қарздор будааст,  2 ҳазору 800 сомонӣ гирифта аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин маълумот менависад, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ду нафар марди 34-сола, яке сокини ноҳияи Хуросон ва дигарӣ сокини ноҳияи Ёвон ва марди 29-сола, 30-сола ва 42-солаи сокинони ноҳияи Ёвонро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир намуданд.

Гуфта мешавад, далели шайъӣ 2 ҳазору 800-сомонӣ ва 1-адад тапончаи “Пневматикӣ” аз онҳо мусодира гардида, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.