Сафири Тоҷикистон ба ВКХ Чин эътимоднома супурд

Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода 7 апрели соли соли 2016 нусхаи эътимодномаи худро ба Муовини Сардори Раёсати ташрифоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Жанг Йиминг расман супорид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот, ки дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни таваҷҷуҳи мутақобила сурат гирифт, […]

ASIA-Plus



Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода 7 апрели соли соли 2016 нусхаи эътимодномаи худро ба Муовини Сардори Раёсати ташрифоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Жанг Йиминг расман супорид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот, ки дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни таваҷҷуҳи мутақобила сурат гирифт, Тарафҳо ба сатҳи имрӯзаи муносибатҳои байнидавлатӣ баҳои баланд дода, қайд карданд, ки минбаъд низ барои таҳкими сатҳи муносибатҳои дӯстона ва стратегии Тоҷикистону Чин иқдом хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, Жанг Йиминг Сафирро бинобар ба ин вазифа таъин шуданаш табрик намуда, ба ӯ ҷиҳати амалигардонии фаъолияти дипломатӣ комёбиҳо таманно намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.